sait new

Switch to desktop Қайд Вуруд

15-02-2017

МАҶАЛЛАИ «ПАЁМИ ПАЖӮҲИШГОҲИ РУШДИ МАОРИФ»

Баҳо гузоред
(0 овозҳо)

   
 2019 №1(25)   
 2018 №1(21)   №2(22) №3(23) №4(24) 
2017 № 1-2  (19-20) - - № 3-4  (21-22)
2016 № 1  (15) № 2 (16) № 3 (17) №3-4(17)
2015 № 1-2 (12) - № 3 (13) № 4  (14)
2014 № 1-2 (7-8) - № 3 (9) № 4  (10)
2013 № 1  (3) - № 3-4 (5-6) -
2012 № 1-2  - № 3-4  -

ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ, маҷаллаи илмию таҳлилии ПРМ АТТ. Моҳи июни 2012 дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст. И.,И. мақолаҳои олимон, устодони донишкадаву донишгоҳҳо, ходимони илмии АТТ, ПРМ ва унвонҷӯёни ватаниву хориҷиро ба табъ мерасонад. И.,И. аз бахшҳои «Таърихи педагогика», «Педагогикаи муосир», «Дидактика», «Равоншиносӣ», «Педагогикаи ислом», «Тарбияи ҷисмонӣ», «Тарбияи экологӣ», «Педагогикаи хонавода», «Тарбияти кадрҳои педагогӣ», «Фарҳангшиносӣ» иборат аст.

Маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, (бо хатти криллию алифбои ниёгон), русӣ, ва ангилисӣ мақолаҳои илмие чоп мекунад, ки фарогири масъалаҳои педагогӣ буда, ба ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат мекунанд.

Маҷалла навиштаҳои олимони соҳаи педагогика, омӯзгорону методистон, унвонҷӯён ва муаллимони мактабҳои олии касбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҶТ ва хориҷиёнеро, ки дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд, ба табъ мерасонад.

Маҷалла бо фарогирии мавзӯъ ва масъалаҳои мубрами илмию методии соҳаи педагогика, психология, химия, математика, забон ва адабиёти тоҷик ва пешниҳоди намунаҳо аз нашрияҳои соҳавии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, бо мақсади тарғиби дастовардҳои илмию методӣ, рушди соҳа, мушкилот ва робитаҳои илмӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устодони муассисаҳои илмии тобеъи вазорат ва зерсохторҳои АТТ соле як маротиба ду шумора дар як муҷаллад ба табъ мерасад. Ҳамчунин ба пешвози ҷашну санадҳои муҳимми давлатӣ ва соҳавӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиб мақолаҳо чоп мекунад.

Вазифаҳои маҷалла иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба МОҶТ, тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф, тадбирҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба раванди ислоҳоти маориф, рушди соҳаи мазкур ва ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мебошад.

Ҳадафи маҷалла илова ба нашри мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, илмию педагогӣ, таълимию иттилоотӣ ва дастраси ниёзмандон кардан боз:

- шиносонидани омӯзгорону муҳаққиқон аз дастовардҳои навини соҳа;

-баррасии масоили маориф ва илм дар робита бо рушди фаъолиятҳои инноватсионӣ;

-иҷрои стратегияи рушди маориф вобаста ба илм ва технология, баррасии раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, дастгирии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву техникӣ;

-таҳқиқу таҳлил ва тафсири авзои таълиму тарбия тавъам бо зинаҳои таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ;

-тарғибу ташвиқи таҷриба ва дастовардҳои омӯзгорони навҷӯю навовар ва ихтироъкор дар соҳаи илм, таълим ва дастовардҳои инноватсионӣ, дастраси аҳли илму адаб намудани онҳо;

-тарғиб, дастгирӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ ва илмию амалии арзишманд;

-таблиғи ёфтаҳои нодири олимони ҷаҳон мебошад.

 

Шарҳи гузашта Вторник, 25 Июнь 2019 11:06
Сармаъмур

САЛОМ ИН МАН САРМАЪМУРИ СОМОНАИ РАСМИИ ПАЖӮҲИШГОҲИ РУШДИ МАОРИФ ба номи АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ, ШУМО МЕТАВОНЕД ТАМОМИ АРЗУ ШИКОЯТ ВА ДАРХОСТҲОИ ХУДРО ТАРИҚИ ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНӢ (INFO@PRMATT.TJ) ВА Ё ОНЛАЙН БИНАВИСЕД!

 

 

Website: prmatt.tj/

Эзоҳ диҳед

Make sure you enter the (*) required information where indicated.Basic HTML code is allowed.

© 2017 ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПАЖӮҲИШГОҲИ РУШДИ МАОРИФ ба номи АБДУРАҲМОННИ ҶОМИИ АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН

Top Desktop version